Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» - | Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки дар вазъи кунунӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар сохтани нархҳо ба баъзе маҳсулоту навъҳои хизматгузорӣ чораи саривақтӣ ва зарурӣ аст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессор гуфт, вале ин чора бояд муваққатан ҷорӣ карда шавад, яъне пас аз мӯътадил шудани вазъ боз метавон ба нархгузории иқтисоди бозаргонӣ баргашт.

Ба ақидаи Умаров, ин чораҳо маъмулан баҳри ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ аз фишори таваррум пеш гирифта мешаванд. «Чунин таҷрибаҳо дар таърихи иқтисоди ҷаҳон истифода шудаанд, - мегӯяд олим. – Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта дар ИМА ва солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар чанде аз кишварҳои олам аз ин таҷриба муваффақона истифода шудааст».

Профессор афзуд, ин таҷрибаи санҷида аст ва дар вазъи кунунӣ истифодаи он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ҷорӣ сохтани танзими давлатии нархҳо ба баъзе маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия барои ҷомеаро пешниҳод месозад ва кормандони ин хадамот лоиҳаи муқаррарот, тартиби ташаккул ва истифодаи нархҳои озод ба маҳсулот ва навъҳои хизматгузориро таҳия кардаанд. Дар ин лоиҳа муқаррар кардани маблағи иловаи фурӯши чакана ба баъзе маҳсулот пешниҳод мегардад.