Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қароргоҳи президенти Тоҷикистон дар Варзоб ҷаласаи нахустини Шӯрои сармоягузорони Точикистону Арабистони Саъудӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ нахуствазири ҷумҳурӣ аз соҳибкорони Арабистони Саъудӣ даъват ба амал овард, ки масъалаи иштироки худ дар лоиҳаҳои ояндадори сармоягузории Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, Оқил Оқилов ба ҳозирин дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумат ҷиҳати беҳбуди фазои сармоягузорӣ маълумот дода, зикр намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,8 млрд. доллари ИМА 56 лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. «Дар кори ҷаласа намояндагони ҳудуди 30 ширкати бузургтарини Арабистони Саъудӣ, ки ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои истеҳсоли пластика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ мароқ зоҳир сохтаанд, иштирок карданд», - гуфтанд дар котиботи нахуствазир.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкорони Арабистони Саъудӣ бо фаъолияти корхонахои истеҳсолии пойтахти ҷумҳурӣ аз наздик ошно гардида, ҷиҳати тарҳрезии минбаъдаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак табодули афкор хоҳанд кард.