Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли гузашта, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони вокеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 44% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 364 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014 - 648 млн. $) маблағ фиристодаанд, ки нисбат ба маблағи дар моҳҳои январ-марти соли гузашта интиқолёфта 284 млн. доллари ИМА камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ аз Русия ба таври назаррас ба Украина (беш аз 2,1 баробар) ва Ӯзбекистон (қариб 2 баробар) камтар шудааст. Давоми моҳҳои январ-марти соли равон аз Русия ба Украина 260 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта - 594 млн. $) ва Ӯзбекистон - 466 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 - 924 млн. $) маблағҳои пулӣ интиқол дода шудаанд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 289 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 42,4% ё худ 289 млн. доллари ИМА камтар аст.