Ҳанӯз як сол аз Аксияи бузурги «20 соли пурбарор» нагузашта, Аксияи нави «Рушди ҳамкорӣ» аллакай ғолибони худро пайдо карда истодааст. Имсол ду Аксия дар як вақт дар се минтақаи кишвар гузашта истодааст.

Се нафар толеъбахтон - мизоҷони интиқоли пулӣ аз се минтақаи ҷумҳурӣ соҳиби 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дар даври аввали Аксияи «Рушди ҳамкорӣ» гардиданд. Хотиррасон мекунем, ки Аксияи мазкур ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон ва вилояти Суғдро фаро гирифтааст. Инак номи ин толеъбаландон:

1. Шарифов Бобоҷон Ҷамшедович аз ш.Душанбе рақами тартибӣ-10081927

2. Дӯстматова Дилфузахон Негматовна аз ш.Қайроқум р/т 20006728

3. Назаров Тағоймурод аз ш.Кӯлоб р/т 30027608

Ҳамзамон Аксияи мазкурро бурди байни истифодабарандагони Овердрафти Квартет низ мукаммал намуда, дар ин самт низ ғолибони даври аввал муайян гардиданд. Мизоҷон ҳангоми истифодабарии Овердарфт, соҳиби рақамҳои тартибӣ шуданд, ки дар ҷамъбасти даври аввали Аксия бурд карда шуд. Ғолибон аз шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, ва ноҳияи Евон соҳиби 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.

1.Саврова Тахмина Хайруллоевна аз ш.Душанбе р/т  А 000305

2.Кабирова Зулфиҷон аз ш.Конибодом р/т  В 000521

3. Гаффорова Бибираҷаб аз ноҳ.Евон р/т  С 000182

Бурди даври аввал тариқи тасодуфӣ сурат гирифт. Ва он барои ҳар се минтақа дар алоҳидагӣ гузаронида шуд. Аксияи мазкур то санаи 31 август давом меёбад.

Мизоҷон имконият доранд, дар ҷамъбасти даври дуюм боз ҳам соҳиби мукофотпулиҳо ба маблағи 10 000 ва 5 000 сомонӣ гарданд.

Аз ҳама тӯҳфаи калон дар ҷамъбасти Аксия –автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс е класс дар байни мизоҷони интиқоли пулӣ  ва мукофотпулӣ 20 000 сомонӣ байни мизоҷони Овердрафти Квартет соҳибони худро пайдо хоҳад кард.

Мизоҷон чи қадаре ки дар нуқтаҳои интиқоли пулӣ зиёд маблағ қабул кунанд ва аз хизматрасонии Овердрафт истифода баранд, ҳамон қадар имконияти бурди тӯҳфаи асосӣ -  автомашинаи Мерседес ва мукофоти калони пулиро пайдо хоҳанд кард.

Дар Аксия фаъол бошед ва соҳиби тӯҳфаҳои калон гардед!