Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) минбаъд низ ба сохтмони нахустин гипермаркет дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дафтари матбуоти бонк дар ин робита менависад, БАТР ба сармояи саҳмиявии ширкати «Шивер Тоҷикистон», дорандаи франшизаҳои гипермаркетҳои Ашан (Aushan) дар кишвар сармоягузорӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, БАТР ва ширкати Шивер рӯзи 30 июни соли равон як созишномаи саҳҳомиро ба имзо расонидаанд, ки мутобиқи он бонк ба сифати саҳҳоми миноритарӣ дар ширкати «Шивер Тоҷикистон» муқаррар мешавад ва ҳиссаи БАТР дар сармояи саҳҳомии ин ширкат 34%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки БАТР қаблан ҳам ба сифати қарз ба ширкат маблағгузорӣ карда буд. Моҳи ноябри соли 2014 президенити БАТР Сума Чакраборти ва директори генералии ширкати «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе барои маблағгузорӣ ба ифтитоҳи нахустин гиермаркет дар кишвар созишномаи қарзӣ ба имзо расонида, бастаи умумии молиявии БАТР барои «Шивер Тоҷикистон» 5 млн. евроро ташкил медиҳад.
Директори генералии «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе дар ин робита таъкид доштааст, ки ҷорсозиии савдои чаканаи муосир як инқилоберо дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, ба таъмини амнияти ғизойӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
«Гипермаркети мо «Ашан» бо номгӯи зиёди маҳсулоти хушсифат ва нархҳои дастрас мағозаи писандида барои ҳама хоҳад шуд», - иброз доштааст ӯ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Miratullo2 июл, 2015 22:24
Аз кормандони Азия-Плюс эхтиромона хохиш менамоем ки маълумотро пурратар шарх дихед ! Дар кадом гушаю канори мамлакат гипермаркетро бунёд мекунанд ?