Вазорати энергетикаи Қирғизистон дар бораи имзои созишнома оид ба харидории барқ аз Тоҷикистон хабар медиҳад, вале дар вазорату идорахои бахши энергетикаи Тоҷикистон ин маълумотро рад мекунанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбути ҳукумати Қирғизистон, вазири энергетика ва саноати ин кишвар Кубаничбек Турдубаев рӯзи 2 июл зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин робита изҳор намудааст, ки «бо мақсади таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ ва ҳамчунин сарфаи об дар обанбори асосии кишвар, дар бораи харидории барқ аз кишвари ҳамсояи Тоҷикисон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат созишнома ба имзо расид».
Вазири қирғиз ҳамчунин гуфтааст, айни замон бо назардошти имконоти воқеъии шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ, дар бораи иловатан харидории барқ дар ҳаҷми 150 кВт/соат тасмим гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки созишнома дар бораи содироти барқ ба Қирғизистон ҳоло ба имзо нарасидааст.
Қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Айбек Калиев иттилоъ дода буд , ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.
Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста