Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015»-ро омода мекунад, ки мутобиқи он сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандгони роҳҳои автомбилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, тағйироту иловаи мазкур ба буҷет баъди таътили тобистонаи вакилон ба парлумон пешниҳод шуда, алҳол миқдор маблағе, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ворид намешавад, маълум нест.
Соли гузашта бо пешниҳоди ҳукумат ин иншоот барои ворид намудани таҷҳизот ба ҷумҳурӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, он замон ҳаҷми маблағҳои аз пардохти андозҳо озодшуда 7 млн. 627 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори 16-ошёнаи «Исмоили Сомонӣ» дар маркази пойтахт соли 2006 шурӯъ гардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста