Дар канори маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон нахустин корхона дар ин минтақаи кӯҳӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмони инертӣ бо иқтидори истеҳсолии то 200 тонна шағал (сангреза) ва рег дар як сол мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи корхона қайд карда шуд, ки ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хайрулло Одинаев бунёд гардида, ӯ ба маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ аз бонк қарз гирифта, барои ин корхона таҷҳизоти истеҳсоли Эрон харидааст.
Соҳибкор Х.Одинаев дар ин робита изҳор намуд, ки аллакай рӯзҳои аввали фаъолияти корхона дурусту саривақтӣ будани сохтмони онро собит сохтанд, зеро то ин замон аҳолии маҳаллӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ бо пардохти 1300 сомонӣ як автомашина шағалу регро аз Кӯлоб меоварданд ва акнун ҳамин як автомашина шағалро метавонанд бо ҳамагӣ 400 сомонӣ дастрас намоянд.
Ба гуфтаи соҳибкор, имрӯз дар корхона 10 нафар ба таври доимӣ фаъолият дошта, тадриҷан шумори онҳо зиёд хоҳад шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста