Тоҷикистон масъалаи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки ин масъаларо таҳлилу баррасӣ дорад.
«Ҳисобу китоби хеле коршиносона зарур аст, то ки миёни сиёсату иқтисод қарори мутавозин қабул шавад», - гуфт Муъминова.
Ӯ як қатор афзалиятҳои сершумор дар баробари «баъзе маҳдудиятҳо»-и узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодро номбар кард.
Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи шуғли аҳолӣ хеле муҳим буда, бозорҳои кишвар бо бозорҳои меҳнати Қазоқистону Русия ҳамгиро мебошанд ва шумори муҳоҷирони Тоҷикистон хеле зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, Ф.Муъминова бар ин назар аст, ки ҳамгиройӣ ба ИИАО дарҳо барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ба гунаи мисол бо Чину Ҳиндустон ва Покистонро намебандад. «Тавозуни ин манфиатҳои кишвар хеле муҳим аст», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста