Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 4 июл бо корҳои бозсозиву таҷдиди нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд аз наздик ошно гардид.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир аз суръати нокофии кор дар баъзе қисматҳои нақб норозигӣ изҳор намуда, ҷиҳати роҳандозии кори шабонарӯзӣ дар ҳамаи қитъаҳои роҳ, пардохти саривақтии музди меҳнати коргарон ва ҷалби қувваи корӣ ва техникаи иловагӣ барои пешрафти корҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба масъулони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастур дод, ки ба хушсифат ва саривақт ба иҷро расидани корҳои сохтмон дар нақб таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз 22 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд маҳдуд карда шуда,  аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб  то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад.

Нимаи моҳи май дар ин робита зикр гардида буд, ки  эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол» , ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимоли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Акс аз Pressa.tj