Чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи “Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокчиёни он терминалҳои электронии ширкатҳои PAX Technology LTD, Verifone ва Ingenico-ро муаррифӣ намуданд.
Гуфта мешавад, инчунин, дар доираи чорабинии мазкур райъпурсии иштирокчиён гузаронида шуда, сабаб ва паҳлуҳои масъалаю мушкилоти татбиқи Қарори ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”муҳокима гардиданд.
Дар робита ба ин иштирокчиёни мизи мудаввар қайд карданд, ки барои минбаъд рушд намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон васеъ кардани шабакаҳои терминалӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ва дастрасии он ба аҳолӣ, муайян кардани боҷҳои гумрукии имтиёзнок барои таҷҳизотҳои терминалии воридшаванда, муқаррар кардани андозҳои имтиёзнок барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавассути терминалҳо пардохтҳоро барои хариди мол ва хизматрасонӣ қабул мекунанд ва баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ зарур аст.
Аз ҷониби иштирокдорон қайд карда шуд, ки барои амалӣ кардани Қарори мазкур иштироки фаъоли ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз қабили Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон низ зарур мебошад.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ бояд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оиди ба таври васеъ истифода бурдани технологияи муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ҷоннок намоянд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста