Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фурӯши автомашинаҳои махсус ва сабукрави худ идома медиҳад.

Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти БМТ, автомашинаҳои махсус ва сабукрав бо нархҳои дастрас аз тариқи музояда ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ фурӯхта мешаванд.

Гуфта мешавад, дар музоядаи хариди автомашинаҳои махсус танҳо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва дар музоядаи хариди автомашинаҳои сабукрав ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ба фурӯши автомашинаҳои махсуси худ оғоз кард.

Қаблан БМТ дар бораи ихтисори 200 нафар кормандонаш бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк хабар дода буд.

Тағйирот дар фаъолияти БМТ баъди сари мансаб омадани раҳбарияти нави бонк шурӯъ шуд. Он замон раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов ва ҳамаи муовинони ӯ аз мансаб сабукдӯш гардида, собиқ раиси «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ, собиқи муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиевмуовини аввали раиси БМТ таъин карда шуданд.