Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ аз суръати корҳои иктишофӣ дар минтақаи ҷануби кишвар қаноатманд нест.

Роҳбари Саридораи геология Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба ҷустуҷӯи нафту газ дар минтақаи ҷануб қобили қабул нест, зеро суръати ин корҳо хеле суст мебошад.

Мурод Ҷумъазода қайд кард, ки ширкати канадагии «Тетис Петролеум» муддати 10 сол аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба корҳои иктишофи геологӣ машғул буда, дар ин давра паймонкори асосии корҳои геофизикӣ чандин маротиба иваз шуд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки айни замон «Тетис Петролеум» дар ин минтақа бо Корпоратсияи милли нафту гази Чин (CNPC) ва ширкати фаронсавии Total ҳамкорӣ мекунад. «Шояд «Тетис» ба мушкилоти маблағгузорӣ ба лоиҳа дучор шуда, дар ин робита ду ширкати маъруфи ҷаҳониро ҷалб намуд ва акнун ба мо душвор аст, ки бигӯем замоне дар ин минтақа натиҷае ба даст меоварда бошем», - иброз дошт ӯ.

Роҳбари Саридораи геология таъкид дошт, ки ширкатҳои дар боло зикршуда то соли 2033 барои гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар 28 минтақаи ҷануби кишвар иҷозатнома дарёфт кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 «Тетис Петролеум» эълом дошт, ки тибқи таҳқиқоти пешакӣ, дар майдони Бохтари вилояти Хатлон 3,22 триллион захираҳои газ ва 8,5 млрд. баррел захираҳои нафт мавҷуд мебошанд.