Се намояндаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) барои мубодилаи дониш ба Латвия сафари шиносоӣ доштанд. Ҳадафи асосии сафар ин омўзиши фаъолияти Бизнес инкубаторҳои латвиягӣ ва барномаҳои амалкунанда оид ба менторӣ дар байни занҳои соҳибкор буд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, ҷониби қабулкунанда, Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия боздидро ба Бизнес инкубаторҳои калонтарин ва муваффақи Рига, вохўриро бо Агентии Латвия оиди рушд ва маблағгузорӣ ташкил намуд. Малака ва таҷрибаи пайдонамуда ба АМЗСТ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои амалкунанда ва муайян кардани хизматрасониҳои нав, ки бояд аҳамият, таъсирот ва самаранокии Бизнес инкубаторро дар ш. Хуҷанд фузун гардонад, кўмак мерасонад. Таҷрибаи Латвия оид ба дастгирии Бизнес инкубаторҳо аз ҷониби сохторҳои ҷамъиятӣ метавонанд тарҳи асосии муколамаи давлатӣ-шахсӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар вилояти Суғд гарданд.
Ҳамчунин Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Латвия ва АМЗСТ имконияти татбиқи барномаҳоро оиди менторӣ байни занҳои соҳибкори муваффақ ва оғозкунанда муҳокима намуданд. Дар асоси муҳокимаҳо АМЗСТ барномаи худро оиди менторӣ таҳия менамояд. Барномаи менторӣ метавонад ба баланд бардоштани иқтидори старт апперҳо ва омўзиши таҷрибаи кори соҳибкорони муваффақи Точикистон тавассути ҳамкории зич ва дастгирӣ мусоидат намояд.
Мубодилаи таҷриба дар доираи лоиҳаи «Васеъ намудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занони Тоҷикистон (TWEET)» ташкил гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи Сармоягузории Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани муҳити соҳибкорӣ, барои фароҳам овардан ва амалигардонии МХМ, ки занҳо дар Тоҷикистон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста