Сессияи 5-ми (хотимавии) омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. - Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуктаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 7 то 8-ми июли соли 2015 дар конфронс-зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (кўчаи Бохтар 37) ш. Душанбе баргузор мегардад.

Дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омўзиши бо иштирокчиёни омўзиш ба вилояти Хатлон ташкил карда мешавад.

Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хуроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.

Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.

Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.