Васоити хабори умуми Русия аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварашон маълумот медиҳанд.
Гуфта мешавад, маводи сӯзишворӣ аз ҳама бештар дар Сибир (44 тин барои 1 литри бензини Аи-95) ва минтақаи Русияи Марказӣ (24 тин барои 1 литр бензинаи Аи-95) гарон шудааст.
Нашрияи «Ведомости» дар ин робита менависад, аз 28 июн то 5 июл дар саросари Русия арзиши бензини навъи Аи-95 ба ҳисоби миёна 21 тин - то 35,81 рубл ва Аи-92 - 19 тин боло рафтааст .
Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ дар Русия ногузир ба нархи он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. То 90%-и маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшаванда ба ҳиссаи Русия рост меояд.
Ба андешаи шореҳи бахши иқтисод Шералӣ Акрамов, айни замон бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба воридкунандагони русиягӣ вобастагии зиёд дорад ва мутаносибан сиёсати нархгузории истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтии Русия мустақиман ба ташаккули нарх дар Тоҷикистон таъсиргузор хоҳад буд. «Афзоиши нарх дар Русия комилан ба арзиши чаканаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъсир расонида метавонад», - афзуд Акрамов.
Иқтисодчӣ Холмаҳмад Азимов низ болоравии арзиши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон бар асари қимат шудани он дар Русияро аз эҳтимол дур намедонад. «Пас аз якуним-ду моҳи болоравии нархи сӯзишворӣдар Русия, он дар бозори Тоҷикистон ҳам гарон мешавад», - қайд кард номбурда.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 207 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла ҳудуди 100 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки тақрибан 85%-и маҳсулоти нафтии дар ин давра ба ҷумҳурӣ воридшуда ба Русия рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон нархи 1 литр бензини навъи Аи-95 то ба 5,50 сомонӣ ва бензини навъи Аи-92 то ба 5,20 сомонӣ мерасад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста