Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талабот ба ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурдро зиёдтар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ муқаррар карда мешавад. Қаблан ҳаҷми ин маблағ ба 4 млн. сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи қарори мазкур барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда ба таври зайл муқаррар карда мешавад: ба ҳолати 1 октябри соли 2015 - 3 млн. сомонӣ; 1 январи соли 2016 - 4,5 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2016 - 6 млн. сомонӣ.

Бо қарори дигари раёсати бонк барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 млн. сомонӣ сомонӣ муқаррар карда мешавад. Қаблан ҳаҷми ин маблағ 1 млн. сомониро ташкил медод.

Тибқи қарори номбурда, барои ташкилотҳои қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад: ба ҳолати 1 октябри соли 2015 - 2 млн. сомонӣ;  1 январи соли 2016 –3 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2016 - 4 млн. сомонӣ.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади муттаҳиднамоии фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва дар ин замина ба роҳ мондани танзими самараноки фаъолияти онҳо қабул шудааст.

Бино ба маълумоти БМТ, айни замон дар низоми бонкии Тоҷикистон 41 ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва 43 ташкилотҳои қарзии хурд амал мекунанд.