Рӯзи 7 июли соли равон дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот бо вазири нерӯи Эрон Ҳомид Читчиён, ки қабл аз маросими имзои санади мазкур анҷом шуд, сафири Тоҷикистон Неъматулло Эмомзода таъкид сохт, ки имзои санади мазкур ба ҳалли мушкилот дар корҳои боқимондаи нақб мусоидат хоҳад кард.
Бино ба маълуомти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, анҷоми корҳои бозсозии нақби Истиқлол моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз 22 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд маҳдуд карда шуда, аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.
Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.
Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ изҳор дошта буд, ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.
Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста