Дар шаҳри Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Директори генералии ташкилоти Евроконтрол Франк Бреннер баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо бо ин ташкилот, аз ҷумла имконияти омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи пешрафтаро дар соҳаи аэронавигатсия ва дастрасӣ ба технологияҳои нави амнияти авиатсиониро баррасӣ намуданд.

Ташкилоти аврупоии амнияти аэронавигатсионӣ (Евроконтрол) соли 1960 бо мақсади назорати ҳаракат дар фазо ва рушди низоми идоракунии ҳамоҳангшуда ба ҳаракат дар фазои Аврупо таъсис дода шуд.