Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордоштаро пешгӯӣ мекунад.
Дар гузориши рӯзи 9 июл интишоршудаи Хазина таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» дар ин робита зикр мегардад, ки дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта суръати рушди иқтисод аз 4,6%-и соли 2014 то ба 4,2% поин меравад. Ин поинравӣ таъсири боздорандаи нархҳо ба молҳои биржавӣ ва шартҳои бештар шадидтари молиявии хориҷиро таҷассум месозад.
Гуфта мешавад, соли 2016 суръати афзоиш дар кишварҳои бозорашон мавриди ташаккул ва дар ҳоли рушд қарордошта то 4,7% асосан аз ҳисоби шароитҳои пешгӯишавандаи беҳбуди иқтисод дар чанде аз кишварҳои дар мушкилот қарордошта, аз ҷумла Русия боло меравад.
Мутобиқи пешгӯиҳои Хазинаи байнулмилалии асъор, рушди иқтисод дар давлатҳои ИДМ соли 2015 то 2,2% суст шуда, соли оянда 1,2% афзоиш меёбад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста