Намоиши натиҷаҳои гузаштаи амали лоиҳа – сафари омӯзишӣ ба Италия, имкониятҳои бозори савдои боадолати Аврупо, стратегияи нави рушди лоиҳа, намоиши ҳунармандон дар Душанбе. Ин ва дигар саволҳо дар мизи мудаввар, ки дар маркази Исмоилия бо иштироки ҳунармандон, ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои соҳибкории миёнарав муҳокима карда шуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, сафари омӯзишӣ ба Италия ба иттифоқи ҳунармандон имконияти муҳокимаи андешаҳо, таъмини тамос бо харидорони эҳтимолӣ ва таҷрибаи дар тӯли 8 рӯзи сафар гирифтаро дод. Муҳокимаи ғайрирасмӣ намунаҳои аврупоиро муайян намуд, ки дар онҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ва соҳибкории хурди Тоҷикистон метавонанд бомуваффақият истифода шаванд.

Ин сафари омӯзишӣ, инчунин мизи мудаввар, қисми лоиҳаи дусолаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" мебошанд, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Сentral Asia Invest маблағгузорӣ мешавад.

Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миена, ки инчунин қисми лоиҳа мебошад, ба иштироккунандагон феҳристи нави худ, ки махсусан барои ҳунармандон ба чоп расидааст, пешниҳод кард, ва дар он маълумот оиди андозсупорӣ, қарзгирӣ ва оиди кушодани тиҷорати худ оварда шудааст.

Лоиҳа инчунин аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии Cesvi дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ду давлати Осиёи Марказӣ, барои кӯмак расонидан дар рушди бахши хусусӣ, махсусан ҳунармандӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ карда шуда истодааст.