Дар доираи сафари корӣ ба Чин раиси Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид рӯзи 10 июл дар шаҳри Урумчи бо сардори департаменти тиҷорати Ҳукумати мардумии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур Ся Гуантай дидору гуфтушунид кард.
Хадамоти матбуоти ПСС ҶТ дар шарҳи ин маълумот менависад, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла баргузории намоишгоҳи навбатии маҳсулоти саноатӣ ва технологияи Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба масъалаҳои ҷалби технологияи чинӣ ба бахши гидроэнергетика, саноати истихроҷӣ кӯҳӣ, саноати сабуку кимиё ва хӯрокворӣ, коркарди комплексии нахи пахта, ашёи хоми чарм, пилла ва нахи пашм таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрии Шариф Саид ва Ся Гуантай ҳамчунин механизм ва шартҳои баргузории Намоишгоҳи универсалии маҳсулоти саноатӣ ва технологияи Чин рӯзҳои 24-26 сентябри соли 2015 ва ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар Душанбе низ матраҳ гардиданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста