Дар доираи лоиҳаи «Иноватсияҳо барои тағйирот» аз 27 июн то 11 июл дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо доир гардиданд.

Муддати 2 ҳафта 14 нафар донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва макотиби олии хориҷӣ ва ҳамчунин хатмкардагони барномаи FLEX, ки аз ҷониби Департаменти давлати ИМА сарпарастӣ мешавад, бо асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва механизмҳои дастгирии давлатӣ шинос шуда, дар машғулияту тренингҳо иштирок карданд ва бо соҳибкорони ҷавони муваффақ вохӯриҳо доир намуданд.

Муаллиф ва роҳбари лоиҳа Илҳом Алиев дар ин робита изҳор намуд, ки ин таҷрибаи нахусти рушди мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буда, ғайр аз ин, бори аввал ба донишҷӯён имкон дода шуд, ки андешаҳои инноватсионии худро барои UNDP ва ширкати Tcell баён доранд. «Лоиҳаи «Инноватсияҳо барои тағйирот» бо дастгирии сафорати ИМА, БРСММ (UNDP) ва ширкуати Tcell созмон дода шуд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон нодир буда, андешаи соҳибкории иҷтимоӣ ва инноватсияҳо дар кишвар ба таври кофӣ инъикос намешавад.


Роҳбари лоиҳа Илҳом Алиев бар ин назар аст, ки ин намунаи хеле хуби шарикии бахшҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҷавонон бевосита иштирок мекунанд. «Лоиҳаи мазкур зинаи аввал дар роҳи машғул шудан ба тиҷорат аст», - иброз дошт роҳбари лоиҳа.

Дар маросими анҷоми лоиҳа ба иштирокчиёни он серификатҳои гузаштан аз давраи омӯзишӣ тибқи барномаи «Иноватсияҳо барои тағйирот» супурда шуд.