Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта шумори вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ қариб 2 баробар афзуд.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон беш аз 147 ҳазор сайёҳон аз 69 кишвари дунё аз Тоҷикистон боздид намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 ҳамагӣ ҳудуди 74 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 90 ширкат амал мекунанд, ки 60-тоашон ба корҳои ташкили сафари шаҳрвандони кишвар ба хориҷа ва 30-тоашон ба сафари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд.
Зимнан зикр гардид, ки феълан сомонаи сайёҳии «Сафари Тоҷикистон» таҳия мегардад, ки дар он бобати 25 макони беҳтарини сайёҳии Тоҷикистон тамоми маълумоти зарурӣ дарҷ меёбад ва ин саҳифаи интернетӣ то ахири моҳи равон фаъол хоҳад шуд.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки айни замон дар 10 мактаби олии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста