Рӯзи 13 июл дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо ба имзо расониданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 36-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуда буд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.
«Бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани манораи назоратӣ-диспетчерӣ ба дӯши корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» вогузор шудааст», - гуфтанд дар Вазорат.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста