Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон каме бештар аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 21,9% ё худ 563,4 млн. доллари ИМА камтар аст.
Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии кишвар дар соли равон зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА ба воридот ва 430,3 млн. доллари ИМА ба содироти маҳсулот рост меояд.
Роҳбари Хадамоти гумрук қайд кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2014 тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот ба миқдори 25,1% ё худ 526 млн. доллари ИМА ва содирот ба андозаи 7,9% ё худ 36,9 млн. доллари ИМА камтар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ маҳсулот аз Тоҷикистон асосан ба Туркия (27,8% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (21,5%), Қазоқистон (18,5%), Эрон (7,1%), Русия (6,6%), Афғонистон (4,2%) ва Покистон (3,2%) содирот шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра ба Тоҷикистон маҳсулот ба миқдори нисбатан бештар аз Русия (31,6% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (17,1%) ва Қазоқистон (16,8%) ворид карда шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста