Ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтпулиҳои гумрукӣ қариб 20% кам шуд.
Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷет дар ҳаҷми беш аз 1,6 млрд. сомонӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳо) маблағи пардохтпулиҳои гумрукӣ ворид шуданд, ки ба 81% аз нақшаи пешбинишуда баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, ба сатҳи нопурра иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии пардохтпулиҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввал як қатор омилҳои беруна, аз ҷумла таҳримҳои кишварҳои Ғарб нисбати Русия, ки дар коҳиши муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон таҷассум ёфт, ноустувории қурби пули миллӣ, мушкилоти транзити мол ва сиёсати тарифбандии «чанде аз кишварҳои ҳамсоя» ва мавсимӣ будани убури мол тариқи марзи гумрукии Тоҷикистону Чин таъсири манфӣ расониданд.
Роҳбари Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки давоми 6 моҳи соли равон воридоти мол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба таври назаррас коҳиш ёфт.
«Дар ин давра ба кишвар тақрибан 33 ҳазор адад вагонҳои боркаши роҳи оҳан ва ҳудуди 19 ҳазор адад нақлиёти боркаши автомобилӣ ворид шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 5,7 ҳазор ва 4,8 ҳазор адад камтаранд», - афзуд А.Ғоиб.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста