Нимсолаи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  ба 2,6 фоиз баробар шуд.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ-июни соли гузашта нарху тарифҳо ба мол ва хизматгузориҳо ба андозаи 4,5% афзуда буданд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол, мизони таврррум дар ифодаи солона дар бахши истеъмолии кишвар 5,5%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, чун дар моҳи июни соли пешин моҳи июни соли ҷорӣ низ сатҳи таваррум ба 0,1% баробар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.