Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бори нахуст тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард.
Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳаҷм аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3,6% зиёдтар аст. Ҳамин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 60 ҳазор тонна алюминий содирот шуда буд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 - 419; соли 2008 - 400; соли 2009 - 360; соли 2010 - 348; соли 2011 - ҳудуди 290; соли 2012 - 275; соли 2013 - беш аз 218 ва соли 2014 - ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.
Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти ТАЛКО талаб кард, ки ба афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақ шаванд.
Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ раҳбарияти ТАЛКО ба нахуствазир ваъда дод , ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста