Тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ тариқи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 39,6% коҳиш ёфт.
Раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал шахсони воқеӣ тариқи «Амонатбонк» ба Тоҷикистон каме бештар аз 173,7 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 - беш аз 288 млн. доллари ИМА) маблағ фиристодаанд.
Коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишварро роҳбари бонк ба буҳрон дар иқтисоди Русия бар асари таҳримҳои ҷоришудаи кишварҳои Ғарб нисбати ин давлат, ки муҳоҷирони кории тоҷик асосан дар он ҷо кор мекунанд, нисбат медиҳад.
«Дар навбати аввал ин ба ноустувории қурби рубли русӣ марбут аст, зеро ҳаҷми зиёди интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон маҳз бо ин пул сурат мегирад», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нимсолаи авали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон дар маҷмӯъ 42% коҳиш ёфтааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста