Айни замон дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» масъалаи тағйири сохтори бонк ва ихтисори шумори кормандони ин муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 14 июл раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода дар ин робита изҳор намуд, ки феълан рӯйи ин масъала корҳои зарурӣ ҷараён дошта, пас аз анҷоми пурра ва хулосагирӣ, ҷузъиёти он шарҳу тавзеҳ ва эълон хоҳад шуд.
Ҳакимзода қайд кард, ки айни замон дар сохторҳои «Амонатбонк» 2 ҳазору 868 нафар кормандон фаъолият дошта, феълан дар саросари кишвар «Амонатбонк» дорои 75 филиал, 513 маркази хизматгузории бонкӣ, 228 нуқтаи интиқоли маблағ ва 66 нуқтаи мубодилаи асъор мебошад.
«Бо мақсади бҳтар кардани сифати хизматгузорӣ ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҷойивазкунии кормандони ҳайати раҳбарии бонк гузаронида мешавад. Нимсолаи аввали соли равон 55 нафар кормандони ҳайати раҳбарии бонк ба вазифаҳои дигар гузаронида шуданд», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи сохтори нави бонк ва дар ин робита ихтисор шудани қариб 200 нафар кормандонаш хабар дода буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста