Баъди ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маркази ҳамин шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ханӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби худи президент ба миён гузошта шуда буд.

Бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди нерӯгоҳи Роғун бунёд мегардид ва инак бо ҳидояту дастгирии бевоситаи сардори давлат озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, озмоишгоҳ аз панҷ шуъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шуъбаи озмоиши металлҳо, шуъбаи назорати геотехникӣ, шуъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шуъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат буда, дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.

Ҳар як маҳсулоти сохтмоние, ки ба озмоишгоҳ ворид мегардад, бодиққат аз назари мутахассисон ва ташхиси дастгоҳҳои нодир гузашта, барои истифода дар корҳои сохтмонӣ иҷозат дода мешавад. Ин боварию эътимоди мардумро ба мустаҳкамии неругоҳ ва садди он пурра мегардонад.

Зимни шиносоии Сардори давлат аз шуъбаҳои озмоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки бобати таъсиси чунин як озмоишгоҳи беназир ва муҷаҳҳаз кардани он бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ коргарону мутахассисони нерӯгоҳ таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи оламро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ба давлатҳои Олмон, Русия, Чин, Эрон ва Италия сафар карда, таҷҳизоту дастгоҳҳои нодирро харидорӣ намудаанд.

Дар озмоишгоҳ 500 таҷҳизоту асбоб, мебелу зарфҳо ва маводҳои зарурии лаборатории баландсифати ҷавобгуйи стандартҳо ва талаботҳои меъёрӣ аз Олмон, Италия, Швейтсария, Русия, Япония ва Эрон харидорӣ шуда, барои дурусту ба манфиат истифода бурдани он бештар аз ҳисоби ҷавонон мутахассисон дар хориҷи мамлакат аз бахшҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои касбӣ гардидаанд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон таъсиси чунин як коргоҳи муқтадирро муборакбод намуда, онҳоро ба хизмати содиқона ва иҷрои бошарафонаи корашон ҳидоят намуд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки чун нерӯгоҳи Роғун барои мардуми тоҷик басо пураҳамият аст, бояд аз сари сидқ вазифаҳои дарпешгузошта бо масъулияти баланд иҷро карда шаванд.