Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Турсунзода саҳлангории раҳбарияти ташкилоти паймонкори сохтмони роҳи Душанбе - Турсунзода - марзи Ӯзбекистонро мавриди интиқод қарор дода, зикр кард, ки корҳо дар сохтмони ин роҳ бо сифати паст ва беинсофона ба иҷро расидаанд.
Ӯ бунёди ду пул дар болои дарёи Қаратоғ дар қитъаи Батошро мисол овард, ки зери онҳо ба масофаи даҳҳо метр оби дарё соҳилҳоро шустааст.
«Ҳангоми сохтмони пул ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Вақте мо лоиҳаро талаб кардем, онро ба мо нишон надоданд. Тамоми камбудиҳои роҳро ба виҷдони Вазорати нақлиёт ва ширкати Чин ҳавола мекунем», - гуфт Саломзода зимни нишасти хабарӣ.
Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Маркази амалисозии лоиҳаҳо, даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ Комиссияи давлатии корӣ бояд роҳи Душанбе - Турсунзода - марзи Ӯзбекистонро қабул мекард.
Моҳи январи ҳамин сол зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар ин роҳ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъаҳои роҳро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз шахсони масъул талаб карда буд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф созанд.
Ахири моҳи декабри соли гузашта иттилоъ дода будем, ки амалисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон аввали соли равон оғоз мегардад.
Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.
Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста