Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 283 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 13% камтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нархи гумрукии маҳсулоти нафтии воридшуда 187,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи ҳамин давраи соли пешин 81,6 млн. доллари ИМА камтар аст. «Ба буҷети давлатӣ ба сифати пардохтпулиҳои гумркӣ аз ин ҳисоб тақрибан 80 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд», - таъкид доштанд дар ин хадамот.

Қобили зикр аст, ки нимсолаи аввали соли 2014 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон наздики 323 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Воридкунандаи асосии маводи сӯхт аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад, ки ба ҳиссаи ин кишвар то 90% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшаванда рост меояд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373,7 ҳазор тонна, соли 2013 – 375,8 ҳазор тонна ва соли 2014 – 579,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба  тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015  ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Дар ин маврид ҳамчунин мебояд зикр кард, ки чанде қабл васоити ахбори умуми Русия аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварашон маълумот дода буданд.