Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Вазорати молияи Тоҷикистон натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушд ва идоракунии пурсамари захираҳои молии давлатӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 6 млрд. 311,3 млн. сомониро ташкил додааст. «Ин нишондиҳанда ба 96,3%-и нақша баробар аст», - иттилоъ доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ.

Қобили зикр аст, ки қаблан вазири молия Абдусалом Қурбониён аз иҷрои буҷети кишвар норозигӣ изҳор намуда, ба масъулин дар ин самт вазифаҳои мушаххас дода буд. Ӯ зикр карда буд, ки «роҳбарони мақомоти молия ва ташкилотҳои зертобеъи вазорат бояд барои иҷрои вазифаҳои наздашон гузоштаи ҳукумат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд».

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 дар ҳаҷми 15 млрд. 278 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 10% бештар аст.

Ҳаҷми ҳадди ниҳоии каср (дефитсит)-и Буҷети давлатӣ дар соли равон ба андозаи 0,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба маблағи 264,1 млн. сомонӣ) тасдиқ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 13,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз нақша 2,7% зиёдтар буд.