Кишоварзони тоҷик ният доранд, ки имсол на камтар аз 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки то 1 июн ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар майдони ҳудуди 162 ҳазор гектар анҷом додани кишти пунбадона муяссар гардидааст, ки ҳамагӣ 90,2% аз майдони пешбинишударо ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо соли гузашта майдони кишти пунбадона имсол қариб ба андозаи 17,4 ҳазор гектар кам шудааст.
Ба гуфтаи вазир, ба кам шудани майдони кишти пунбадона боришоти зиёд дар нимсолаи аввали соли равон боис шудааст.
Ӯ қайд кард, ки аз ҷониби вазорат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, айни замон онҳо ҳаҷми зарар дар робита ба «обуҳавои номуосид»-ро муайян мекунанд. М.Зокиров таъкид дошт, ки танҳо баъди анҷоми ин корҳо, оид ба рақамҳои мушаххаси ҳосили пешбинишавандаи пахта маълумот дода хоҳад шуд. «Дар ҳама гуна ҳолат, интизорӣ дорем, ки на камтар аз ҳаҷми ҳосили соли гузашта пахта ҷамъоварӣ кунем», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста