Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 19 млрд. 158 млн. сомонӣ (зиёда аз 3 млрд. $ тибқи қурби ҳозира)-ро ташкил дод, ки рушди воқеъӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,3 % (аз 6,7 то 6,4%) камтар аст.
Гуфта мешавад, дар сохтори ММД-и кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 17,6%-ро савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ишғол мекунад. Ҳиссаи андозҳо - 14,4%, саноат бо шумули энергетика - 13,8%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор - 12,9%, кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ - 12,7% ва сохтмон - 12,6%-ро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли равон дар ҳаҷми 47 млрд. сомонӣ бо сатҳи афзоиши 7,6%-ро пешбинӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ поинравии афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 6% коҳиш меёбад. Коршиносони БҶ тамоили поинравии ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистонро мутаносибан ба таъсири сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва нишондиҳандаҳои паст дар содироти маҳсулоти асосӣ мансуб медонанд.
Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) чунин мешуморанд, ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис изҳор намуд, ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки дар соли 2014 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 45,6 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2013 ба миқдори 6,7% афзуд.
Дар маълумоти нимаи моҳи апрели соли равон интишоршудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита зикр гардида буд , ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд.
Ҳамчунин бино ба маълумоти БМТ, суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод.
Ҳамчунин мебояд гуфт, моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2015-ро тақрибан 8% пешгӯӣ карда буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста