Дар доираи сафар ба шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва суҳбат бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншоот ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳ аз тамоми қитъаҳои сохташавандаи рӯизаминӣ ва иншооти асосии зеризаминӣ боздид намуд. Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ, идомаи сохтмон ва табъу руҳияи баланди бунёдкорони ин иншоот аён гашт, ки дастуру ҳидоятҳои президенти мамлакатро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
Гуфта мешавад, ин ташрифи сарвари давлат идомаи сафарҳои қаблӣ ба маҳалли бунёди НБО Роғун буда, дар рафти он Президенти мамлакат бо коргарону мутахассисони сершумори ин нерӯгоҳ суҳбатҳо доир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Президенти кишвар ҳамчунин изҳор дошт, ки: «Нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ҶСК НБО Роғун ҳамчун фармоишгар назорат ва таъмини корҳои сохтмону барқарорсозии иншоотро дар асоси маводи лоиҳавӣ анҷом дода, ҳамкориро бо пудратчиёну зерпудратчиён дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондааст.
Зикр мегардад, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар иншооти НБО Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии баистифодадиҳии навбати аввали нерӯгоҳ ҷараён дорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста