Роҳбарияти нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) татбиқи ислоҳоти босуръатро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ барои зиёд намудани самаранокии фаъолияти соҳаи бонкӣ идома медиҳад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз ин лиҳоз, ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотии воситаҳои пулию асъориро таҳия намуда истодааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии татбиқи платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ аз байн бурдани маҳдудиятҳои мавҷуда дар бозори амалиёти пулию асъорӣ ва таъмини рушди босуботи он бо роҳи муттаҳид намудани равандҳои тиҷоратӣ дар платформаи ягона, навсозии технологӣ ва протсессуалӣ, таъмини дастрасии шаффофу мунтазам дар реҷаи онлайн ба бозори савдо, самаранокии амалиёт ва ҳосилнокӣ аз ҳисоби мувофиқ намудани равандҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани сатҳи мутобиқат, самаранокии идорасозии хавфҳои амалиётӣ ва воридшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии бонкӣ мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ин якчанд пешниҳодҳои ширкатҳои бонуфуз дар бораи ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои соҳаи иттилооти молиявӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин дар назар аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии намояндагони ин ширкатҳо бо намояндагони бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад ва зимни он дурнамои тараққиёт ва нақшаи ҷорӣ намудани платформаи мазкур муҳокима шавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста