Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи шарикӣ созишнома ба имзо расониданд, ки ба таҳкими амнияти ғизоӣ ва рушди бахши кишоварзӣ дар 35 кишвари ҷаҳон нигаронида шудааст. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин кишварҳост.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар бораи роҳандозии барномаҳои нав зимни вохӯрии комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои ҳамкории байнулмилалӣ ва рушд Невен Мимик ва директории генералии ФАО Жозе Гратсиану дар Силва дар Конфронси сеюми байнулмилалӣ оид ба маблағгузорӣ ба рушд эълон карда шуд.

Баҳри амалсиозии ин ташаббус Иттиҳоди Аврупо 50 млн. евро ва ФАО 23,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунанд.

«Ин марҳилаи нави шарикии мо бо Иттиҳоди Аврупо ба имконоти ФАО оид ба ҳамкории мутақобила бо ҳукуматҳо дар таҳия ва амалисозии стратегияҳои пурсамар барои мубориза бо сабабҳои усулии гуруснагӣ ва таҳкими устуворӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо густариш мебахшанд», - гуфтааст Гратсиану да Силва.

Дар маълумоти СММ қайд мешавад, ки сарфи назар аз пешравии тайи 10- соли ахир бадастомада, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 800 млн. нафар мисли пешин аз гуруснагӣ азият мекашанд.

Тӯли солҳои охир ҳарчи бештар шумори одамон ба буҳронҳои ғизоӣ дучор мешаванд, ки бинобар сабаби офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ё дигаргуншавии нархҳо ба вуҷуд меоянд.