Нимсолаи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (тақрибан 862 млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 14,2% зиёдтар аст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агентии омор «ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои саноати дӯзандагиу бофандагӣ, истеҳсоли пӯст ва маснӯот аз он, истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, фаъолияти ноширӣ, саноати кимиё, маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши металлургия ва маснӯоти тайёр аз металл, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд».
Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим нимсолдаи аввали соли 2015 дар 49 номгӯи он (54,4%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 26 номгӯй (28,9%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 15 номгӯи (16,7%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми саноати истихроҷ аз ҳисоби истеҳсоли ангишгтсанг – 21,1%, ангишти тира – 4,8%, нафт – 3,1%, газ – 1,8 баробар, маводи ғайримаъданӣ – 17,8% афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли мазут (16,7%) ва битум (39,0%) ба андозаи 24,4% кам шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста