Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо роҳбари Ширкати байнулмилалии намоишгоҳии «ARANKAVIR» (Эрон) Амир Маҳмадободӣ оид ба дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи маҳсулоти шаҳри Сирҷони Эрон тавофуқ ҳосил шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва муколамаи пурсамар миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва шаҳри Сирҷон тариқи баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо баррасӣ шуда, ҷонибҳо изхори итминон кардаанд, ки чунин чорабиниҳо ба фаъол гардидани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ Шариф Саид пешниҳод намудааст, ки баргузории ярмаркаву намоишгоҳҳо ва ҳамчунин ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду ҷониб ба таври мунтазам ба роҳ монда шаванд.