Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» дар рӯйхати қарздорони асосии Кумита боқӣ монда, ба аввали нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкат аз пардохти андоз зиёда аз 152 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯйхати қарздорони бузурги Кумита ҳамчунин КВД «Ширкати алюминии тоҷик (41,6 млн. сомонӣ), ҶСК «НБО Сангтӯда-1» (33,2 млн. сомонӣ), корхонаҳои зертобеъи КВД « Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (17,2 млн. сомонӣ) ва Корхонаи давлатии «Алюминсохтмон» (10,2 млн. сомонӣ) низ ҳузур доранд.
«Бақияи умумии пардохти андозҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳудуди 702 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 млн. сомонӣ зиёдтар аст», - қайд кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба миқдори 2,7% барзиёд иҷро шудааст.
Ӯ зикр кард, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо ба буҷети давлатӣ беш аз 3,7 млрд. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 90 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
«Нимсолаи аввал нақшаи пардохти андозҳо дар ВМКБ - 12,4%, вилояти Хатлон - 5,1% ва шаҳри Душанбе - 0,8% барзиёд иҷро шуда, дар вилояти Суғд бошад, нақша ҳамагӣ ба андозаи 98,6% ба иҷро расид», - афзуд раиси Кумита.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста