Дар нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор кард, ки буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии корхонаҳои ҷумҳурӣ, дар навбати аввал ширкатҳои машғул ба кор дар бахши сохтмон ва соҳаи истеҳсолот таъсир расонида, ба сурати умум ҳамаи касоне, ки ба хариду фурӯши мол машғул буданд, аз буҳрон осеб диданд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, «ҳангоми коҳиши воридоти маҳсулот ҳаҷми пардохтпулиҳои андоз аз ҷониби корхонаҳое, ки ба фурӯши он дар бозори дохили кишвар машғуланд, низ кам мешавад».
«Бо вуҷуди ин, барои иҷрои қисмати даромади буҷети давлатӣ мо аз ҳамаи имконоти доштаамон истифода мекунем», - гуфт Давлатзода.
Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати барномаи зиддибуҳрони қабул шуда, мутобиқи он ба вазорату идораҳо ҷиҳати мусоидат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи истеҳсолкунандагони ватанӣ дастуру супоришҳо дода шудааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба миқдори 2,7% барзиёд иҷро шуда, аз ҳисоби ин пардохтҳо ба буҷети давлатӣ беш аз 3,7 млрд. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 90 млн. сомонӣ зиёд мебошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста