Роҳиоҳанчиёни тоҷик ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ пешниҳод кардаанд, ки ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Тирмиз - Қӯрғонтеппа барқарор карда шавад.
Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, баррасии ин пешниҳод дар сатҳи ҳукуматҳо дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.
Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи протоколи қабулшуда дар ҷаласаи пешини комиссияи мазкур моҳи июн дар Тошканд, ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан ба мувофиқа расиданд.
«Бо назардошти ин банди протокол, корхонаи мо бояд дар ин самт пешниҳодҳои худро ироа кунад», - шарҳ дод ӯ ва иброз дошт, ки раҳбарияти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин масъала пеш аз ҳама ба барқарор кардани ҳаракати қатораҳо тариқи хатсайри Тирмиз - Қӯрғонтеппа таваҷҷуҳ дорад.
Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ин пешниҳод ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардида, онҳо дар навбати худ бо ин пешниҳод ба ҳукумати кишвари ҳамсоя муроҷиат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки раҳбарияти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қаблан чандин маротиба бо ин пешниҳод ба ҳамтоҳои ӯзбеки худ муроҷиат карда буд, аммо дар ин сатҳ масъала ҳаллу фасл нагардид.
Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста