Дар корҳои азнавсозиву сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе - Ваҳдат - Ёвон - Қӯрғонтеппа беш аз 315 млн. сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар сохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон ва корҳои азнавсозии қитъаи Роҳатӣ - Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа - Ёвон беш аз 52 млн. сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба корҳои азнавсозиву сохтмони ин роҳи оҳан беш аз 10 ширкати ватаниву хориҷӣ ҷалб шуда, бунёди нақбу пулҳо дар масири роҳро Корпоратсияи сохтмони роҳҳои оҳани Чин ба уҳда дорад.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Ваҳдат - Ёвон - Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардида, масофаи умумии роҳ 46,3 километрро ташкил медиҳад ва анҷоми сохтмону корҳои азнавсозии роҳ соли оянда дар назар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста