Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тақрибан 12% кам шуд.
Муовини аввали сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ беш аз 2,8 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна камтар аст.
«Аз ҷумла, ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ ба андозаи 33,6% - аз 731 ҳазор тонна дар моҳҳои январ-июни соли 2014 то ба 486 ҳазор тонна дар ҳамин давраи соли равон коҳиш ёфт», - иброз дошт муовини аввали сардори корхона.
Ба гуфтаи ӯ, шумори мусофироне, ки дар ин давра аз хизматгузориҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон истифода кардаанд, ба миқдори 5% кам шуда, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 198 ҳазор мусофирон хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор нафар мусофир камтар аст.
Номбурда қайд кард, ки айни замон тариқи хатсайрҳои Душанбе - Маскав (3 маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд - Маскав (1 маротиба дар як ҳафта) қатораҳои мусофирбар ҳаракат мекунанд. «Дар робита ба нокофӣ будани мусофирон, ҳаракати қатораҳо тавассути хатсайри Душанбе - Конибодом мутаваққиф шуд. Қатораи мусофирбари Душанбе - Пахтаобод ҳамарӯза равуо дорад», - афзуд муовини аввали сардори корхона.
Қобили зикр аст, ки айни замон парки Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 2 ҳазору 72 адад вагонҳои боркаш ва 441 адад вагонҳои мусофирбар ва ҳамчунин 56 тепловоз иборат аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста