Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) воситаҳои боз 2 бонки дигари Чинро ҷалб карданист.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҷалби воситаҳои пулии Бонки мардумии Чин ва Бонки аграрии Чин гурӯҳи кории БМТ ба ин кишвар сафар кардааст.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки бо дастури президенти мамлакат ҳамчунин гуфтушунидҳо оид ба ҷалби воситаҳои Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА низ идома доранд.

Ӯ таъкид дошт, ки ин воситаҳо ба қарзи бернии Тоҷикистон «ҳеҷ муносибате» нахоҳанд дошт. «Мо ин воситаҳоро бо кафолати давлат намегирем ва ба он танҳо ташкилотҳои қарзии мо вобаста мешаванд», - иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки муомилот бо ташкилотҳои қарзии Чинро БМТ бо усули пардохтҳои бисёрмуҳлат бо асъори милли ҳарду кишвар (усули своп) ба роҳ монданист. «Айни замон Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ин рӯ, мо ин усулро роҳандозӣ карданием», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки истифодаи воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин барои дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии бонк ва ҳамчунин қарздиҳӣ ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюм пешбинӣ шудааст.