Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 21 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32% камтар аст.
Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки аксари ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ 40-45% коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд, «аммо мо бо ин пешгӯиҳо розӣ буда наметавонем».
Мувофиқи пешгӯии БМТ, таъкид дошт Нурмаҳмадзода, сатҳи коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015 на бештар аз 27%-ро ташкил дода, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тадриҷан барқарор мешавад.
«Яке аз сабабҳои камшавии интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА поинравии қурби рубли русӣ аст ва воситаҳои пулӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия бо рубл фиристода мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 52 млрд. рубли русӣ маблағҳои пулӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 5 млрд. рубл зиёдтар мебошад.
Боз яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳуриро раиси Бонки миллӣ ба шадидтар шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия дар соли равон марбут медонад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста