- Дар ҷараёни аломатгузорӣ ва таъйини марз Тоҷикистон 14 чоҳи истихроҷи газро ба ихтиёри Қирғизистон гузошт, - иттилоъ додааст ба ВАО рӯзи 21 июл муовини директори Агентиии давлатии геология ва захираҳои минералии Қирғизистон Уланбек Рисқулов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни корҳои аломатгузорӣ ва таъйини марз бо Тоҷикистон чоҳҳои истихроҷи газ, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доштанду аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон истифода мешуданд, ба молиякияти ҳукумати Қирғизистон гузаштаанд.
«Нахуст мо гумон доштем, ин гуна чоҳҳо 8-то аст, вале чун ба маҳал омадем, маълум шуд, ки он ҷо 14-то чунин чоҳ мавҷуд аст. Ҳамаи ин чоҳҳо дар замони шӯравӣ коркард шуда, маълум гардид, ки аксари онҳо корношояманд, вале 1 чоҳ амалкунанда ва 2 чоҳи дигар ба кор омода буда, 1-тои дигараш дар ҳоли барқароршавӣ аст», - гуфтааст Рисқулов.
Муовини директори Агентӣ дар шарҳи ин маълумот изҳор доштааст, ки айни замон масъалаи ба тавозуни Фонди идоракунии амволи давлатӣ гузаронида шудани чоҳҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, минбаъд чоҳҳо ба ихтиёри ҶСК «Қирғизнафтугаз» супурда мешаванд, ки дар қаламрави гирду атрофи онҳо соҳиби иҷозатнома аст.
«Паҳлӯи онҳо чоҳҳои ҶСК «Қирғизнафтугаз» ҷойгир шуда, лӯлаи газ дар ин минтақаи наздимарзӣ ҳанӯз замони шӯрави кашида шудааст.Маҳаллаҳои аҳолинишини Мақсад ва Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд низ ба онҳо наздик аст», - афзудааст мансабдори қирғиз.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста